Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадиси беасосе дар мавриди табрику таҳният намудан ба моҳи Рабиъу-л-аввал

Савол

Баъзе аз мардум ҳангоми фарорасии моҳи Рабиъу-л-аввал ҳадисеро байни ҳамдигар тадовул мекунанд: «Касе мардумро ба ин моҳи бофазилат табрику муборакбод намояд, оташи дӯзах бар ӯ ҳаром мегардад». То чӣ андоза ин ҳадис дуруст аст?

Хулосаи ҷавоб

Ҳадиси «Касе мардумро ба ин моҳи бофазилат (яъне ҳангоми фарорасии моҳи Рабиъу-л-аввал) табрику муборакбод намояд, оташи дӯзах бар ӯ ҳаром мегардад». Мо ягон асосеро барои ин ҳадис пайдо накардем. Нишонаҳои мавзуъ (бофта) будани он аён аст. Аз ин рӯ, нисбат додани он ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) раво нест.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ягон асосеро барои ин ҳадиси мазкур пайдо накардем. Нишонаҳои мавзуъ (бофта) будани он аён аст. Аз ин рӯ, нисбат додани он ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) раво нест, зеро ин дурӯғ бастан ба ӯ ҳисобида мешавад ва дурӯғ бастан бар ӯ (паёмбар дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаром ва аз гуноҳони кабира мебошад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе ҳадисеро аз ман нақл кунад, дар ҳоле гумон барад, ки он ҳадис дурӯғ аст, пас ӯ яке аз дурӯғгӯён мебошад».   Ривояти Муслим дар "Муқаддимату-с-саҳиҳ" (1/7).

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ин ҳадис ҳушдори сахте бар дурӯғгӯӣ ва даст задан ба ин гуноҳ мебошад. Касе бар гумонаш ғолиб шавад, ки ончи ривоят мекунад, дурӯғ аст, вале онро ривоят кунад, дурӯғгӯй аст. Чӣ тавр дурӯғгӯй ҳисобида намешавад, дар ҳоле ки чизеро ки рӯй надодааст, нақл мекунад?".

Поёни сухан аз китоби "Шарҳу саҳиҳи Муслим" (1/65).

Дар ҳадис зикр шудааст, ки инсон танҳо ба воситаи муборакбод намудан аз оташи дӯзах эмин мемонад. Ин сухани беандеша ва муболиға аст, ки баёнгари бофта ва ботил будани ин ҳадис аст.

Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ҳадисҳои мавзуъ (бофта) торикӣ, ракокат ва муболиғаҳои сарде доранд, ки ба бофта ва сохта будани он аз номи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) далолат мекунанд".

Поёни сухан аз китоби "Ал-Манору-л-муниф" (саҳ 50).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб