Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Пайдарпай анҷом додани рӯзаи қазои Рамазон воҷиб нест

Савол

Ман панҷ рӯзи Рамазонро ба сабаби беморӣ рӯза нагирифтам. Оё бояд ин рӯзҳоро пайдарпай рӯза бигирам ва ё метавонам дар ҳар ҳафта як рӯз рӯза бигирам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Имомҳо иттифоқ кардаанд, ки дар қазои рӯзаи моҳи Рамазон бояд ба миқдори рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст, рӯза бигирад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ

سورة البقرة: ١٨٥

«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад».   (Сураи Бақара: 185).

Шарт нест, ки ин рӯзҳо пайдарпай бошанд. Метавонед онро пайдарпай ва ё ҷудо-ҷудо рӯза бигиред. Метавонед дар ҳар ҳафта як рӯз, дар ҳар моҳ як рӯз ва ё мувофиқи имконоти худ рӯза бигиред. Далели он ояти дар боло зикршуда аст, зеро пайдарпайиро дар қазои рӯзаи Рамазон шарт накардааст. (Яъне дар он оят гуфта нашудааст, ки қазои рӯзаи Рамазон бояд пайдарпай анҷом дода шавад). Танҳо воҷиб кардааст, ки он ба миқдори рӯзҳое бошад, ки рӯза нагирифтааст.

Ниг: Ал-Маҷмуъ" (6/167) ва "Ал-Муғнӣ" (4/408).

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд: Оё ҷоиз аст, ки инсон қазои рӯзаи Рамазонро дар рӯзҳои ҷудогона анҷом бидиҳад?

Чунин посух доданд: Бале, барояш ҷоиз аст, ки рӯзаҳои қазоияшро дар рӯзҳои ҷудогона ба ҷой оварад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ

سورة البقرة: ١٨٥

«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад».   (Сураи Бақара: 185).

Аллоҳ таъоло (дар ин оят) пайдарпайиро дар қазои рӯзаи Рамазон шарт накардааст. Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (10/346).

Дар "Фатово"-и Шайх Ибни Боз (15/352) омадааст: Агар ду рӯз ё се рӯз ё бештар аз онро рӯза нагирифта бошад, қазои он рӯзҳо бар ӯ воҷиб мегардад, вале пайдарпай будани он зарур нест. Агар онро пайдарпай рӯза бигирад, беҳтар аст, вале агар онро пайдарпай рӯза нагирад, ҳеҷ боке нест. Поёни сухан.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб