Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё ишқу муҳаббат қабл аз издивоҷ беҳтар аст?

Савол

Оё аз назари Ислом издивоҷ пас аз қиссаи ошиқӣ бардавомтар аст ва ё издивоҷе, ки аз ҷониби хонавода танзим шудааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Издивоҷ вобаста ба ҳолати қабл аз он фарқ мекунад. Агар ишқу муҳаббати писару духтар хилофи шариат набошад ва онҳо ба гуноҳе даст назада бошанд, умедворем, ки издивоҷи дар натиҷаи чунин муҳаббат сурат гирифта бардавом бошад, зеро ин издивоҷ дар натиҷаи рағбати ҳар дуи онҳо ба якдигар сурат гирифтааст.

Агар марде ба зане дил баста бошад, ки издивоҷ намудан ба ӯ ҷоиз бошад ва ё акси он (яъне зане ба марде дил баста бошад, ки издивоҷ намудан ба ӯ ҷоиз бошад) барои онҳо ҳеҷ ҳалле ғайр аз издивоҷ нест, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

لَمْ نَرَ لِلْمُتَحَابَّيْنِ مِثْل النِّكَاحِ

«Ҳеҷ чизе мисли издивоҷ нест, барои ду нафаре, ки якдигарро дӯст медоранд».   Ривояти Ибни Моҷа (1847). Ин ҳадисро Бусирӣ ва Албонӣ дар китоби “Ассилсилату-с-саҳиҳа” (624) саҳеҳ шуморидаанд.

Синдӣ дар ҳошияи “Сунан”-и Ибни Моҷа гуфтааст:

Сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод):

لَمْ نَرَ لِلْمُتَحَابَّيْنِ مِثْل النِّكَاحِ

«Ҳеҷ чизе мисли издивоҷ нест, барои ду нафаре, ки якдигарро дӯст медоранд».

 Лафзи "الْمُتَحَابَّيْنِ" (мутаҳоббайн) эҳтимол дорад, ки он мусанно (дутоӣ) ва чамъ бошад. Он чунин маъно дорад: Ҳар гоҳ байни ду нафар муҳаббат вуҷуд дошта бошад, ҳеҷ чизе аз анвои муносибатҳо мисли никоҳ он муҳаббатро зиёд ва пойдору бардавом карда наметавонад. Агар илова бар он муҳаббат, никоҳ байни онҳо вуҷуд дошта бошад, муҳаббат рӯз то рӯз зиёд ва қавӣ хоҳад гашт. Поёни сухан.

Аммо агар ин издивоҷ дар натиҷаи алоқаи ишқи ғайришаръӣ, ба монанди мулоқотҳо, хилватҳо, бӯсаҳо ва дигар амалҳои ҳаром сурат гирад, он издивоҷ пойдор нахоҳад буд. Он ба хотири корҳои ношоистае, ки пеш аз никоҳ анҷом додаанд. Ҳангоме ки ҷавонон ҳаёти худро бо корҳои ношоиста оғоз мекунанд, пас ин амалҳо ҳатман таъсири бадашро хоҳад расонд, баракаву тавфиқи илоҳиро кам хоҳад кард, зеро маъсиятҳо сабаби бузургест барои дур намудани баракаҳо. Агарчи ба бисёре аз мардум шайтон гуноҳро зиннат дода, вонамуд мекунад, ки ишқу муҳаббат, ҳатто бо ҳаром омехта ҳам бошад, издивоҷро мустаҳкам менамояд.

Он алоқаҳои ғайришаръие, ки қабл аз издивоҷ байнашон буд, дар оянда сабаби шубҳа байни онҳо хоҳад шуд. Шавҳар фикр мекунад, ки ҳамсараш метавонад дар оянда бо шахси дигаре алоқаи ишқӣ намояд, агар интавр фикр накунад, ба алоқаҳои худ, чуноне ки як замоне бо ӯ алоқаи ишқӣ дошт, фикр менамояд. Ҳамчунин зан низ фикр мекунад, ки шавҳараш метавонад бо зани дигаре алоқае барпо намояд, агар интавр фикр накунад, ба алоқаҳои худ, чуноне ки як замоне бо ӯ алоқаи ишқӣ дошт, фикр менамояд.

Ҳамин тавр, ҳам зану ҳам шавҳар ҳамеша нисбати якдигар шакку шубҳа ва гумони бад хоҳанд кард ва дар натиҷа дер ё зуд муоширату муносибати оилавиашон бад хоҳад шуд.

Шояд шавҳар ҳамсарашро барои розӣ шудан ба алоқаи номашрӯи қабл аз издивоҷ таъна хоҳад кард, ки аз он дарду алами зан зиёд шуда, муносибати оилавиашон бад хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, мо фикр мекунем, ки агар издивоҷ бар асоси алоқаи номашрӯъ барпо шуда бошад, ғолибан бардавому комёб нахоҳад гашт.

Аммо интихоб намудани ҳамсар аз тарафи аҳлу оила на ҳамааш хуб аст ва на ҳамааш бад аст. Агар аҳли хонавода ихтиёри нек кунанд, духтари интихобкардаашон соҳиби дину ҷамол бошад ва ба шавҳар писанд ояд ва ба издивоҷи он духтар рағбат намояд, умедворем, ки издивоҷашон бардавому комёб хоҳад гашт.

Бинобар ин, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҷавони издивоҷкунанда васият намудааст, ки ба чеҳраи духтар назар андозад. Аз Муғира ибни Шуъба ривоят аст, ки ӯ ба хостгории зане рафт. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Ба ӯ назар андоз, зеро сазовор аст, ки (муҳаббат) байни шумо бардавом гардад».   Ривояти Тирмизӣ (1087) ва Насоӣ (3235). Тирмизӣ ин ҳадисро ҳасан донистааст.

Тирмизӣ гуфтааст: Маънои «сазовор аст, ки (муҳаббат) байни шумо бардавом гардад» чунин аст: Сазовор аст, ки меҳру муҳаббат байни шумо идома ёбад.

Аммо агар аҳли оила ихтиёри бад кунанд ё ихтиёри накӯ кунанд, вале ба шавҳар писанд наояд, ғолибан чунин издивоҷ ноком шуда пойдору бардавом намегардад, зеро ҳар чизе бар асоси рағбату хоҳиш бино наёфтааст, бардавом нахоҳад шуд.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб