Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Истиқоматкунандаи Фаронса аст ва оиди ҳукми кашидани ниқоб мепурсад

Савол

Ман истиқоматкунандаи Фаронса мебошам ва ниқоб мепӯшам. Шумо аз вазъияти мусулмонони он кишвар огоҳ ҳастед. Ман чӣ кор кунам? Ман ниқобро хеле дӯст медорам, аммо зиндагӣ бо ниқоб бисёр мушкил аст, махсусан шавҳарам аз ман мехоҳад, ки ман ниқоб напӯшам ва ӯ фикр мекунад, ки ман дар масъалае, ки дар он рухсат аст, сахтгирӣ менамоям. Ин чиз ба ӯ таъсири манфӣ расонидааст, то ҷое ки ӯ аз ҷиҳати диндорӣ ақиб гашта, руҳан хаста шудааст, чунки мо ҳатто бо фарзандонамон оромона баромада наметавонем. Ман намефаҳмам, чӣ кор бояд кунам? Оё сабр намудани ман бар ниқоб беҳтар аст ва ё дар чунин шароит сахтгирӣ намудани ман, ғулув ва зиёдравӣ ҳисобида мешавад? Албатта, масъалаҳои Шариъат ҳамеша ба тавоноии шахс иртибот доранд. Чӣ тавр ман бояд фаҳмам, ки тавоноии ин ибодатро дорам ё на? Ин масъала ба ҳаёти ман таъсири зиёд расонидааст ва ман намедонам кадом кор (дар ин ҳолат, бароям) муносибтар аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, азияте, ки хоҳарони мусулмонамон дар баъзе кишварҳои ғарбӣ ба сабаби пӯшидани ниқоб ба он гирифтор мешаванд, аз мо пинҳон нест.

Донишмандон раво будани кушодани рӯй ва ё қисмате аз баданро барои зан дар ҳолати зарурат, масалан дар вақти табобату дармон ба таври равшан баён намудаанд.

Дур сохтани азияту дастдарозии бехирадону аҳмақон аз ниёзи табобат камтар нест, балки дар бисёр ҳолатҳо, аз табобат муҳимтар аст.

Бинобар ин, агар эҳтимоли зиёд вуҷуд дошта бошад, ки ба сабаби ниқоб пӯшидан ба азияту дастдарозӣ дучор хоҳед шуд, пас дар ин ҳолат, кушодани рӯй ишколе надорад ва дар ин кор гуноҳе бар шумо нест, зеро шумо аз рӯи маҷбурӣ ин корро мекунед (яъне аз рӯи маҷбурӣ рӯи худро мекушоед), на ба хотири рад намудани пӯшидани ниқоб.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб