Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хатми Қуръон дар Рамазон

Савол

Оё аз мудорасаи Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръонро дар Рамазон, афзалияти хатми Қуръон фаҳмида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ва дуруду салом ба расулуллоҳ. Ва баъд:

Аз он мудорасаи Қуръон истифода карда мешавад. Барои мӯъмин мустаҳаб аст, ки Қуръонро бо шахсе, ки фоидаву манфиат мерасонад, мудораса намояд, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо Ҷабраил ба хотири баҳра бурдан мудораса намуд, чунки Ҷабраил аз назди Аллоҳ азза ва ҷалла меояд ва ӯ байни Аллоҳ ва паёмбарон миёнарав аст. Ҷабраил бояд, ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба чизҳое аз ҷониби Аллоҳ таъоло, аз ҷиҳати барпо намудани ҳарфҳои Қуръон, аз ҷиҳати маъноҳои он, ки Аллоҳ онро хостааст, фоида расонад. Ҳар гоҳ инсон Қуръонро бо шахсе, ки ӯро дар фаҳми Қуръон ва омӯхтани лафзҳои Қуръон кӯмак мекунад, мудораса менамояд, ин амри матлуб аст, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо Ҷабраил мудораса мекард. Ин маънои онро надоранд, ки Ҷабраил аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) беҳтар аст. Вале Ҷабраил фиристодаест, ки аз ҷониби Аллоҳ омадааст, ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) амри Аллоҳро дар бобати Қуръон ва лафзҳову маъноҳои он мерасонад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз Ҷабраил дар ин бобат истифода мебурд, на ба хотири он, ки Ҷабраил аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) афзалтар аст, балки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) афзалтарини башарият ва афзалтар аз тамоми фариштагон (дуруди Аллоҳ бар онон бод) ба шумор меравад. Аммо мудорасаи Қуръон барои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва барои уммат хайри зиёде дорад, зеро он мудорасаи Қуръон бо он тарзест, ки аз ҷониби Аллоҳ омадааст ва то ин ки аз он чизе, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло омадааст, истифода барад.

Ва он фоидаи дигаре ҳам дорад ва он ин аст, ки мудораса кардан дар шаб афзалтар аз рӯз аст, зеро он мудораса (яъне мудорасаи Ҷабраил бо расулуллоҳ) дар ша буд. Маълум аст, ки шаб барои ҳузури қалб муносибтар буда, шаб метавон аз дарси қуръонӣ нисбат ба рӯз фоидаи бештар бурд.

Ҳамчунин он фоидаҳои дигаре ҳам дорад: Машрӯъ будани мудораса ва он амали солеҳ аст, гарчанде ки ин амал дар ғайри Рамазон ҳам анҷом дода шавад, зеро мудораса барои ҳардуи онҳо фоида дорад. Агар мудорасакунандагон аз ду нафар бештар ҳам бошанд, ҳеҷ боке надорад, ки ҳар яке аз онҳо аз бародари худ баҳра бибаранд. Мудораса инсонро ба хондани Қуръон тарғиб менамояд ва ӯро фаъол мегардонад. Агар инсон Қуръонро танҳо бихонад, шояд ба қадри кофӣ фаъол шуда наметавонад, вале агар бо ҳамроҳи инсон шахсе ё шахсоне Қуръонро мудораса намоянд, ин чиз ӯро ба қироати Қуръон бештар тарғиб менамояд ва ӯро фаъолтар мегардонад. Ҳамчунин бояд фоидаи зиёдеро дар назар гирифт, ки дар ҳамхонӣ ва мутолиа барои фаҳми ончи мумкин аст, душвор бошад, ҳосил мешавад, ки ҳамаи инҳо хайри зиёде дар худ доранд.

Аз инҷо пайдост, ки қироати комили Қуръон аз ҷониби имом дар ҷамоъат дар моҳи Рамазон навъе аз ин мудораса ба ҳисоб меравад, зеро дар ин қироат баҳра расонидан ба онҳо дар тамоми Қуръон дида мешавад. Аз ин рӯ, Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дӯст медошт, ки шахсоне имоматӣ мекунанд, Қуръонро хатм кунанд. Воқеан ҳам гузаштагони мо шунидани тамоми Қуръонро дӯст медоштанд. Аммо набояд хатми Қуръон, шитобкорона, ва бо суръати тез сурат бигираду, оромӣ дар қироат ва хушӯъ ва оромиш аз байн биравад, балки риоя намудани ин чизҳо аз хатм авлотар аст.

Сарчашма: "МАҶМӮУ ФАТОВО ВА МАҚОЛОТУН МУТАНАВВИА"-И ШАЙХ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ БОЗ (РАҲМАТИ АЛЛОҲ БАР Ӯ БОД) (15/324)