Онҳо бо он ки (пас аз огоҳ шудан аз оғози моҳи Рамазон) то поёни рӯз аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ карданд, кори дурусте анҷом доданд. Бо вуҷуди ин, бар онҳо воҷиб аст, ки ба ҷои он рӯз, як рӯзи дигар қазои онро ба ҷо оваранд.
Ал-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто: 10/245.
Сабаби воҷиб гардидани қазои як рӯз он аст, ки онҳо аз шаб нияти рӯза накарда буданд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар касе ки пеш аз дамидани субҳ нияти рӯза накунад, рӯзааш дуруст нест».
Ин ҳадисро Аҳмад (6/287), Абудовуд (2454), Тирмизӣ (730) ва Насоӣ (2331) ривоят кардаанд. Албонӣ онро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" (2143) саҳеҳ донистааст.