Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Қарз гирифтан аз касе, ки суғуртаи ҳаётро шарт мегузорад

30740

Таърихи нашр : 05-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1704

Савол

Ман дар ширкате кор мекунам, ки бефоидаи рибавӣ қарзи манзил медиҳад, вале ба корманд шарт мегузорад, ки ӯ бояд суғуртаи ҳаёт дошта бошад, то дар сурати фавти корманд пеш аз пардохти қарз, ширкат битавонад ҳаққашро аз ширкати суғурта биситонад.

Оё ин қарз ҳалол аст ё ҳаром? Ба мо фатво диҳед, Аллоҳ ба шумо подоши некӯ бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Гирифтани қарзҳои ҳасанаи шаръие, ки рибо надорад, ҷоиз аст, вале илова намудани шартҳои ғайри шаръӣ ба он раво нест ва дар савол низ ҳамин гуна шарт зикр шуд. Он чизе, ки раво будани ин қарзро халалдор мекунад, ин аст, ки ширкат ба қарзгиранда шарт гузоштааст, ки ӯ бояд суғуртаи ҳаёт бигирад. Шакке нест, ки суғуртаи ҳаёт - балки ҳама намудҳои суғурта - ҳаром аст ва он аҳдномаи қимор аст.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Суғуртаи ҳаёт ва молҳо аз нигоҳи Шариат ҳаром аст ва ҷоиз нест, зеро дар он ғарар ва рибо вуҷуд дорад. Аллоҳ таъоло ба хотири раҳмат ба уммат ва ҳимояи онон аз чизҳое, ки ба онҳо зарар дорад, тамоми муомилаҳои рибавӣ ва муомилаҳое, ки дар он ғарар аст, ҳаром кардааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَأَحَلَّ اللهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا

سورة البقرة: ٢٧٥

«Аллоҳ хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст».   (Сураи Бақара: 275).

Ҳадиси саҳеҳе аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст, ки ӯ аз ғарар наҳй кардааст.

(Ғарар: Хариду фурӯши мубҳам ва номаълум).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

"Фатово исломия" ( 3 / 5 ).

Бинобар ин, иштирок кардан дар барномаи қарзҳои манзил, ки ширкат шарт гузоштааст, ки баҳрабаранда бояд суғуртаи ҳаёт бигирад, ҷоиз намебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْراً

سورة الطلاق: ٢ - ٣

«Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад, (Аллоҳ) роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) барояш фароҳам месозад. Ва ба ӯ аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар кас ба Аллоҳ таваккал кунад, Ӯ барояш кофист. Ҳароина, Аллоҳ амри худро ба анҷом мерасонад ва Аллоҳ барои ҳар чизе андозае қарор додааст».   (Сураи Талоқ: 2 - 3).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مِنْ أَمْرِهِ يُسْراً

سورة الطلاق: ٤

«Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад, (Аллоҳ) барои ӯ дар кораш осонӣ меоварад».   (Сураи Талоқ: 4).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳар кас чизеро ба хотири Аллоҳ тарк кунад, Аллоҳ чизи беҳтар аз онро ба ӯ медиҳад».  

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб