Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё баъди мусулмон шуданаш бояд номи худро барои ҳаҷ иваз намояд

3093

Таърихи нашр : 26-09-2020

Мушоҳидаҳо : 1402

Савол

Ман чанде пеш мусулмон шудам ва ҳоло мехоҳам ба ҳаҷ биравам, то маносики ҳаҷро анҷом бидиҳам. Аммо ман шунидаам, ки маносики ҳаҷро адо карда наметавонам, то он даме ки номи насронии худро бо номи исломӣ иваз накунам. Оё ин дуруст аст? Оё тамоми ҳуҷҷатҳои шахсии худро ба монанди шиноснома ва ғайра бояд иваз бикунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз нигоҳи шариъат, дурустии ҳаҷҷу умра ба номи шахс ҳеҷ иртиботе надорад. Агар дар номи пешинаи ту ягон мамнӯияти шаръие вуҷуд надошта бошад, бароят боқӣ мондан бо он ном ҷоиз аст. Агар номи арабиеро интихоб кунӣ, ки аз нигоҳи шариъат дуруст ва маънои нек дошта бошад, беҳтару хубтар аст. (Ба саволи рақами 1692 нигаред).

Аммо аз нуқтаи назари расмӣ, вақте, ки ба сафорат барои дархости раводиди вуруд ба ҳаҷ муроҷиат мекунӣ, кофист, ки шаҳодатномае аз маркази исломӣ бигирӣ, то собит кунад, ки исломро пазируфтаӣ. Бо изни Аллоҳ, барои омадан ба адои ҳаҷ ба ягон монеияте дучор намешавӣ. Бояд ҳарчӣ зудтар барои анҷом додани ҳаҷҷу умра бо ҳамроҳи маҳрами мусулмон кӯшиш намоӣ. (Ба саволи рақами 22369 нигаред).

   Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид