Нашъаманд хоҳони тавба аст

Савол 32466

Шавҳари хоҳарам маводи мухаддир истеъмол мекунад ва мехоҳад онро тарк намояд, аммо наметавонад, зеро ба он вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин, шукр ба Аллоҳ, ӯ аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло метарсад.

Хоҳарам мехоҳад бидонад, ки чӣ кор бояд кунад. Ӯ аз ин мард се фарзанд дорад ва метарсад, ки агар ӯро тарк намояд, вазъ бадтар шуда, шояд бештар ба истеъмоли маводи мухаддир рӯ оварад ё ҳатто даст ба худкушӣ занад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ба хоҳаратон тавсия медиҳем, ки дар роҳи тавба ва талошҳои шавҳараш ҷиҳати раҳоӣ аз вобастагии маводи мухаддир дар канори ӯ устуворона биистад ва ӯро ба доми гургҳои инсоннамо танҳо нагузорад, ки ҳастии ӯро хароб сохта, пояҳои зиндагияшро фурӯ резанд. Зеро ӯ дар айни ҳол бештар аз ҳар вақти дигар ба дастгирӣ ва пуштибонии ҳамсараш ниёз дорад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки аз марказҳои тиббии тахассусӣ барои табобати вобастагӣ кӯмак гирифта шавад. Ин иқдом ба ӯ осеб намерасонад, балки баръакс, дар раҳоии ӯ аз ин бало ва шар мусоидат хоҳад кард.

Аз ин рӯ, лозим аст, ки хоҳаратон дар ин маврид дудилагӣ накунад ва ҳарчи зудтар бо мутахассисони соҳаи муолиҷаи чунин мушкилот тамос бигирад. Ҳамзамон, бояд пайваста шавҳарашро ба тақвои илоҳӣ ва тарс аз Аллоҳ таъоло ёдрас намояд, ӯро ба ёди марг ва мулоқот бо Аллоҳ таъоло биандозад, ба тарки ҳолати кунуниаш ташвиқ кунад ва дар дилаш умеди шифо ва пазируфта шудани тавба аз ҷониби Парвардигори Бузург ва Баракатбахшро тақвият бахшад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (6540) низ муроҷиат намоед.

Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма

Аҳкоми тавба
Муносибати зану шавҳар
Тиббу табобат

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

answer

Мавзӯҳои алоқаманд

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android