Бо бародари нашъаманди худ чӣ гуна бояд муносибат намоям?

Савол 6540

Бародари ман маводи мухаддир истеъмол мекунад. Ба ӯ фаҳмонидам, ки ин амал ҳаром аст, аммо ӯ онро напазируфт ва то ҳол онро истеъмол мекунад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

1. Бешак, бародари шумо ба як мусибати бисёр сангин гирифтор шудааст. Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки шуморо дар баробари ин озмоиш мадад намояд.

2. Ба шумо тавсия медиҳем, ки дар муносибат бо ӯ нармӣ, мулоимиро риоя намуда, ӯро насиҳат кунед, зеро ӯ монанди дигар беморон аст, ки ба риояи ҳолашон ниёз доранд — хоҳ бемории ҷисмонӣ бошад ё руҳӣ.

3. Зарур аст тамоми тадбирҳо андешида шаванд, то ӯ аз истеъмоли маводи мухаддир боздошта шавад ва аз мулоқот бо дӯстони бад, ки ин маводро ба ӯ мерасонанд ё мефурӯшанд ва ба фасод кӯмак мекунанд, манъ карда шавад.

4. Шумо набояд хоҳишу талаботи ӯро дар он чизҳое, ки қодир ҳастед ӯро аз онҳо боздоред, иҷро намоед, то он даме ки аз ин рафтораш даст кашад.

5. Ба шумо тавсия медиҳем, ки ба табиби мутахассис муроҷиат кунед, то барои ӯ табобати муносиб таъйин намояд, то замоне ки шифо ёбад ва аз он ҳолате, ки дар он қарор дорад, раҳо гардад. (Яъне то замоне ки шифо ёфта, ин амалро тарк кунад, таҳти муолиҷа қарор гирад).

6. Агар ӯ фарзандони хурдсол ё бародарону хоҳарон дошта бошад, тавсия медиҳем, ки аз ҷониби онҳо низ панду насиҳати иловагӣ ва изҳори норозигӣ сурат гирад, шояд аз ҳолати худ дар назди онҳо шарм дошта, аз ин амал даст кашад.

7. Метавонед бо ҳузури шоҳидон ҳолати ӯро дар замони мастӣ ва аз даст додани ҳушаш барои ӯ баён намоед, то пас аз ба худ омадан дарк кунад, ки бо дастони худ чӣ гуноҳеро содир намудааст.

8. Аз дуо ба сӯи Аллоҳ таъоло ғофил нашавед, то ӯро аз ин ҳолат раҳоӣ бахшад. Хусусан дар сеяки охири шаб дуо кунед, шояд Аллоҳ таъоло барои шумо кушоише ато намояд. Аз Аллоҳ таъоло барои ӯ ҳидоят ва барои шумо сабру таҳаммул металабем. Дуруду паём ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android