Иштирок кардан дар ҷашну идҳои кофирон, то онҳо дар ҷашнҳои мо ширкат намоянд

Савол: 3325

Оё мумкин аст, ки танҳо бо мақсади ҷалб кардани ғайримусулмонон ба ҷашнҳои худ, дар идҳои онҳо иштирок кунем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Агар ин ҷашнҳо идҳои кофирону мушрикон бошад, пас иштирок кардан дар чунин идҳои навпайдо ҷоиз нест, зеро иштирок намудан кӯмак ба гуноҳу таҷовуз ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ширкат варзидан дар идҳои онҳо яке аз шаклҳои тақлид ва монандӣ ба кофирон мебошад. Шариъат моро аз монандӣ ба онҳо манъ кардааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».   Ривояти Абудовуд ва Аҳмад.
Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) мегуфт:

«Аз душманони Аллоҳ дар рӯзҳои идҳояшон канорагирӣ кунед».   Ривояти Байҳақӣ.

Ва агар иштирок танҳо дар як зиёфат бошад масалан ва дар он ҳеҷ яке аз мамнӯъоти шаръӣ рух надиҳад, аз қабили омехтани мардон бо занон, ё истифода шудани чизҳое, ки Аллоҳ ҳаром кардааст — мисли шароб, гӯшти хук, рақс, мусиқӣ ва монанди инҳо ва ҳамчунин ин иштирок боиси дӯстӣ ё муҳаббат нисбат ба ин кофирон нагардад, пас дар ин ҳолат, қабул кардани даъвати онҳо ҷоиз аст.

Дар баробари ин, шахс бояд кӯшиш намояд, ки дини Исломро ба онҳо расонад ва таблиғ кунад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) даъвати баъзе аз яҳудиёнро қабул карда буд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android