Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ҳаҷ

Савол

Ҳаҷ чӣ ҳукме дорад? Ва ҳукми касе, ки воҷиб будани онро инкор мекунад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳаҷ рукне аз рукнҳои Ислом мебошад. Аз ин рӯ, касе пас аз баён кардан ба ӯ, онро инкор кунад ва онро бад бинад, кофир мешавад. Аз ӯ талаб карда мешавад, ки тавба намояд. Агар тавба накунад, ба қатл расонида мешавад (яъне қозӣ ба ӯ ҳукм менамояд ва ӯро муҷозот мекунад). Бояд шахси тавоно барои адо намудани фаризаи ҳаҷ шитоб намояд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ الله غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

سورة آل عمران: ٩٧

«Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд ва ҳар кас куфр варзад, бешак Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз аст».   (Сураи Оли Имрон: 97).

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: "Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/11).