Сешанбе 25 Ҷумода-л-уло 1446 - 26 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё сигоркашӣ вузӯро мешиканад?

36301

Таърихи нашр : 22-02-2023

Мушоҳидаҳо : 1644

Савол

Ҳукми Шариат дар мавриди фурӯшандаи сигор бо ҳама намудҳояш чист? Ман сигор мекашам ва вақте овози муаззинро мешунавам, ба масҷид медароям. Оё бояд аз нав вузӯ бигирам ва ё мазмаза (шустани даҳон) кифоя аст? Ман медонам, ки сигор сабаби бемориҳои гуногун аст.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Фурӯши сигор ҳаром аст, зеро он палиду нопок аст ва зарари зиёд дорад ва касе, ки ин корро анҷом медиҳад, фосиқ ҳисобида мешавад. Пас аз сигоркашӣ аз нав вузӯ кардан воҷиб нест, вале бояд бӯи бади даҳонашро бо он чизе, ки онро дур менамояд, бартараф кунад. Ҳамзамон аз ин кори бад ба сӯи Аллоҳ таъоло дарҳол тавба намояд.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" 13/57