Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Фурӯши сигор ҳаром аст, зеро он палиду нопок аст ва зарари зиёд дорад ва касе, ки ин корро анҷом медиҳад, фосиқ ҳисобида мешавад. Пас аз сигоркашӣ аз нав вузӯ кардан воҷиб нест, вале бояд бӯи бади даҳонашро бо он чизе, ки онро дур менамояд, бартараф кунад. Ҳамзамон аз ин кори бад ба сӯи Аллоҳ таъоло дарҳол тавба намояд.