Он чи аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи зинда доштани даҳаи охири Рамазон ворид шудааст, ин аст, ки он шабҳоро бо намозу зикр зинда медошт.
Садақа дар моҳи Рамазон аз садақа дар дигар моҳҳо бартарӣ дорад, вале аз суннат далеле намедонем, ки бар бартарии махсуси садақа додан дар даҳаи охир далолат кунад.
Аммо уламо ёдовар шудаанд, ки ҳар амали солеҳ ҳар қадар дар замони пурфазилат воқеъ гардад, ҳамон андоза бартарӣ меёбад. Бе шак, шабҳои даҳаи охири Рамазон аз дигар шабҳо афзалтаранд, зеро дар миёни онҳост Шаби Қадр, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Ба ҳар сурат, барои мусалмон машрӯъ он аст, ки дар тамоми моҳи Рамазон садақаро бештар намояд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарин мардум буд ва дар моҳи Рамазон аз дигар моҳҳо саховатмандтар мешуд. Инро Бухорӣ (6) ва Муслим (2308) ривоят кардаанд.
Аллоҳ донотар аст.