Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дар оғози рӯза дуои махсусе вуҷуд надорад

Савол

Дар оғози рӯза кадом дуоро бояд бихонем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тирмизӣ (3451) аз Талҳа ибни Убайдуллоҳ ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ ҳилол (моҳи нав)-ро медид, мегуфт:

اللَّهُمَّ أَهْلِلْهُ عَلَيْنَا بِالْيُمْنِ وَالإِيمَانِ ، وَالسَّلامَةِ وَالإِسْلامِ ، رَبِّي وَرَبُّكَ اللهُ

"Аллоҳумма аҳлилҳу ъалайно би-л-юмни ва-л-имон вассаломати ва-л-ислом. Раббӣ ва раббукаллоҳ".

(Эй Аллоҳ! Моҳи навро барои мо бо юмну имон ва саломативу Ислом баровар. [Эй Моҳ!] Парвардигори ман ва Парвардигори ту Аллоҳ аст).

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (2745) саҳеҳ донистааст.

Маънои калимаи "юмн" баракат аст.

Ин дуо махсус барои ҳилоли Рамазон нест, балки мусулмон дар оғози ҳар моҳ ҳангоми дидани ҳилол ин дуоро мехонад.

Аммо дар мавриди дуо дар ҳар рӯзи Рамазон, ягон дуое вуҷуд надорад, ки мусулмон онро ҳар рӯз дар оғози рӯза бихонад.

Балки танҳо бо қалбаш ният мекунад, ки пагоҳ рӯза мегирад.

Шарти ният ин аст, ки бояд дар шаб ва пеш аз дамидани субҳ анҷом дода шавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки пеш аз субҳ нияти рӯза накунад, ӯ рӯзае надорад».   Тирмизӣ (730) ин ҳадисро ривоят кардааст. Дар Сунани Насоӣ (2334) бо чунин лафз омадааст: «Касе, ки аз шаб нияти рӯза накунад, ӯ рӯзае надорад».   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (573) ҳасан донистааст.

Маънояш чунин аст: Ҳар кас нияти рӯза накунад ва аз шаб азми рӯза надошта бошад, ӯ рӯзае надорад, (яъне рӯзаи ӯ дуруст нест).

Ният амали қалб аст. Аз ин рӯ, мусулмон бояд бо қалби худ азм кунад, ки пагоҳ рӯза мегирад. Бар ӯ машрӯъ нест, ки ниятро бо забон талаффуз намояд ва бигӯяд: "Рӯзаро ният кардам". Ва ё дигар ибораҳое, ки баъзе аз мардумон эҷод кардаанд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб