Равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) комилтарин равиш буд. Ҳангоми рӯзадорӣ ифтори худро бо хурмои тар оғоз мекард, агар он муяссар нашавад — бо чанд дона хурмо ва агар он ҳам муяссар нашавад — чанд ҷуръа об менӯшид. Сипас баъд аз он намози фарзро дар масҷид ва суннати онро дар хона адо менамуд.
Анас ибни Молик гуфтааст:
«Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз он ки намоз бихонанд, бо чанд дона хурмои тар ифтор мекард, агар хурмои тар намебуд — бо чанд дона хурмо ва агар он ҳам намебуд — чанд ҷуръа об менӯшид».
Ин ҳадисро Абудовуд (2356) ривоят кардааст.
Доруқутнӣ дар китоби "Сунан"-и худ (2/185) онро саҳеҳ шуморидааст ва Албонӣ дар китоби "Ирвоу-л-ғалиил" (4/45) онро ҳасан донистааст.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз пешин ду ракъат ва баъд аз он ду ракъат, баъд аз шом ду ракъат дар хона ва баъд аз хуфтан ду ракъат намоз мехонд ва пас аз ҷумъа намоз намехонд, то он ки баргардад, сипас ду ракъат намоз мехонд.
Ин ҳадисро Бухорӣ (895) — бо ҳамин лафз — ва Муслим (729) ривоят кардаанд.
Дар мавзуи саволи мазкур суннати махсусеро намедонем ва аслан маълум нест, ки оё паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз намози шом ғизои дигаре мехӯрд ё не. Агар мусалмон ба хона баргардад ва ғизо муҳайё бошаду хавф дошта бошад, ки ҳангоми намоз зеҳнаш ба он машғул мешавад, пас аввал бихӯрад ва сипас суннати шомро адо намояд. Вақти суннати мағриб бо анҷоми вақти фарзии он ба поён мерасад.
Ва Аллоҳ донотар аст.