Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ
سورة المائدة: ٢
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед». (Сураи Моида: 2).
Амали шумо дар таъмири дастгоҳҳои телевизор, видеомагнитофон ва табақҳои моҳвораӣ, ки соҳибони онҳо баъдан ин дастгоҳҳоро барои гӯш кардан ва дидани корҳои ношоиста истифода мебаранд, аз ҷумлаи ёрӣ расондан дар кори нописанд ба шумор меравад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барои ӯ ҳамонанди савоби касонест, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд ва аз савобҳои онҳо чизе кам намешавад. Ва ҳар кас ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, бар ӯ ҳамонанди гуноҳи касонест, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд ва аз гуноҳони онҳо чизе кам намешавад». Ривояти Муслим (2674).
Аз ин рӯ, ин кор барои шумо ҷоиз нест. Беҳтар аст, ки кори дигареро ҷустуҷӯ намоед. Ба ёд дошта бошед, ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً ❁ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ
سورة الطلاق: ٢ - ٣
«Ва ҳар кас тақвои Аллоҳро пеша кунад, Аллоҳ барои ӯ роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) фароҳам месозад ва аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзияш медиҳад». (Сураи Талоқ: 2 - 3).
Аз Кумитаи доимии фатводиҳӣ саволи зерин пурсида шуд:
Ман муҳандиси электроника ҳастам. Аз ҷумлаи корҳои ман таъмири радио, телефон, видеомагнитофон ва дигар дастгоҳҳои ба ин монанд мебошад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар мавриди идома додани ин корҳо ба ман фатво диҳед. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки тарки ин кор боиси аз даст додани таҷрибаи зиёд ва касбе мегардад, ки онро дар тӯли тамоми умрам омӯхтаам. Ҳамчунин, мумкин аст, ки дар сурати тарк кардани ин кор ба ман зараре бирасад.
Чунин посух доданд:
Далелҳои шаръӣ аз Қуръон ва суннат бар он далолат мекунанд, ки мусулмон бояд барои поку ҳалол будани касби худ саъю кӯшиш намояд. Аз ин рӯ, бар шумо лозим аст, ки кореро ҷустуҷӯ кунед, ки даромадаш поку ҳалол бошад.
Аммо даромаде, ки аз кори зикршуда ба даст меояд, поку ҳалол нест, зеро ин дастгоҳҳо бештар дар корҳои ҳаром истифода мешаванд. Поёни сухан.
Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 14/420