Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми амалиёти мӯйсаршинонӣ

Савол

 

Оё анҷом додани амалиёти ҷарроҳии мӯсаршинонӣ бароям ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки ман кал мебошам. Оё ин амал мисли пайванд намудани мӯй ҳаром аст ё не?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мӯйсаршинонӣ иборат аст аз кӯчонидани фолликулаҳои мӯй аз як минтақаи сари инсон ба минтақаи дигари он. Ҳукми он раво аст, зеро ин як навъ бартарафсозии айб аст, на тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд:

Мӯйсаршинонӣ барои касе, ки кал шудааст, анҷом дода мешавад. Аз пушти сар мӯй мегиранду, онро дар ҷои бемӯй кишт мекунанд. Оё ин ҷоиз аст?

Чунин посух дод:

Бале, ҷоиз аст, чунки ин кор аз навъи баргардонидани он чизест, ки Аллоҳ таъоло офаридааст. Ин кор ба манзалаи бартараф кардани айб аст ва аз навъи ороиш ва ё изофа кардан бар офариниши Аллоҳ таъоло ба ҳисоб намеравад. Ин кор аз боби тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло намебошад, балки бартарафсозии нуқсон ва айбу камбудӣ мебошад. Қиссаи се нафаре пӯшида нест, ки яке аз онон кал буд ва гуфт, ӯ дӯст медорад, ки Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ баргардонад. Онгоҳ фаришта дасти худро бар ӯ молид. Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ бозгардонд ва ба ӯ мӯи зебо дода шуд.

"Фатово уламои-л-балади-л-ҳаром" (саҳ 1185).

Ҳадисе, ки Шайх (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ба он ишора намудааст, Бухорӣ (3277) ва Муслим (2964) онро ривоят кардаанд.

 Аллоҳ донотар аст.
 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб