Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ҷоиз аст, ки ба духтарам Ҳиба ва ба писарам Ризо ном гузорам?

69950

Таърихи нашр : 16-11-2020

Мушоҳидаҳо : 1358

Савол

Ман мехохам, ки ба фарзандони худ "Ҳиба" барои духтар ва "Ризо" барои писар ном гузорам, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ хоҳад). Маънои ин ду ном чист? Оё бароям ҷоиз аст, ки ба фарзандонам ин номҳоро гузорам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар гузоштани ин ду ном ягон монеъе вуҷуд надорад, зеро ин ду ном дорои маъноҳои мақбуле мебошанд, ки мухолифи шариъат нестанд. Маъноҳои ин ду ном инҳоанд:

Ҳиба: Ба маънои додани чизе бе иваз (бидуни муқобил) мебошад ва маънои он ба тӯҳфа монандӣ дорад. Яке аз номҳои зебои Аллоҳ таъоло Ал-Ваҳҳоб аст, яъне бисёр саховатманду атокунанда, Ӯ поку боломақом аст.

Ризо якчанд маъно дорад, аз ҷумла:

1. Акси ғазаб.

2. Розӣ шуда аз он.

3. Қабул.

4. Қаноъатмандӣ.

Ба ҷавоби саволи рақами (7180) нигаред, ки дар онҷо одоби номгузории фарзандон баён шудааст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб