Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шумо хато кардед, ки қазои он рӯзаҳоро дар тӯли ин муддат тарк намудед, зеро ин (яъне ҳайз) чизест, ки Аллоҳ таъоло бар духтарони Одам муқаррар кардааст ва дар умури дин шарм нест. Аз ин рӯ, шумо бояд ҳарчи зудтар қазои он чаҳор рӯзро адо намоед, сипас илова бар қазо, бояд каффорат бидиҳед, ки барои ҳар як рӯз ба мискине хӯрок дод ва миқдори он тақрибан ду соъ аз ғизои маъмулии кишвар мебошад, ки ба як мискин ё якчанд мискинҳо дода мешавад.