Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми кишт намудани тамоку

7432

Таърихи нашр : 19-07-2024

Мушоҳидаҳо : 563

Савол

Ҳукми Ислом дар кишт намудани тамоку ва пуле, ки кишоварзон аз фурӯши он ба даст меоранд, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Кишт намудани тамоку, фурӯши он ва истифода бурдани он ҷоиз нест, зеро он бо якчанд сабаб, аз ҷумла зарарҳои зиёди он ба саломатӣ, палидӣ ва бефоида буданаш ҳаром аст. Мусулмон бояд онро тарк кунад, аз он дур шавад, онро кишт накунад ва бо он тиҷорат нанамояд, зеро Аллоҳ таъоло агар чизеро ҳаром кунад, пули онро низ ҳаром мекунад. Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 13/62