Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Барои вуқуф (истодан) дар Арафа таҳорат шарт нест

Савол

Агар ҳоҷӣ ба тавоф ё Арафот рафта истода бошад ва дар ин ҳолат аз ӯ бод барояд, (яъне таҳораташ шиканад), чӣ кор мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Дидгоҳи аксарияти донишмандон ин аст, ки тавоф бе таҳорат дуруст нест. Ихтилофи донишмандон оиди ин масъала дар ҷавоби саволи рақами (34695) пештар баён карда шуд. Касе, ки ба тавоф рафта истода бошаду, вузӯяш бишиканад, пас ӯ рафта вузӯ мегирад, сипас тавофашро шурӯъ мекунад, ки ин бешак авлотар ва эҳтиётноктар аст.

Дуввум:

Аммо барои вуқуф (истодан) дар Арафот таҳорат доштан шарт нест. Ҳеҷ боке нест, ки агар ҳоҷӣ бе вузӯ дар Арафот биистад ва барои ӯ вузӯ лозим нест, магар барои намоз. Донишмандон иттифоқ кардаанд, ки вуқуф (истодан)-и зани ҳоиз ва ҷунуб дар Арафот дуруст аст.

Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/140) гуфтааст: "Ибни Мунзир фармудааст: Донишмандон иҷмоъ намудаанд, ки вуқуф дар Арафа барои мардону занони ғайри покиза, монанди ҷунуб ва ҳоиз ва дигарон дуруст аст". Поёни сухан.

Бо вуҷуди ин, мустаҳаб аст, ки дар ҳоли покизагӣ аз ҳарду ҳадас, бузургу хурд (ҷанобат ва бе вузӯӣ) дар Арафот биистад, зеро ӯ Аллоҳ таъолоро зикр мекунад ва вузӯ ҳангоми зикри Аллоҳ таъоло мустаҳаб аст.

Ба китоби "Кашшофу-л-қиноъ" (2/494) нигаред.

  Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб