Агар қасди издивоҷ дошта бошӣ, пас зани диндорро интихоб намо, ҳамон гуна ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ин амр тавсия дода, фармудааст:
«Зани диндорро интихоб намо, дастонат хоколуд бод».
Бо ин ҳам, ҳеҷ монеае нест, ки инсон дар баробари диндорӣ ба он чизҳое низ таваҷҷуҳ намояд, ки ӯро дар нигоҳ доштани чашмаш ёрӣ медиҳанд, монанди зебоӣ ва ғайра, зеро ин ҳам як талаботи қобили эътибор аст. Ба ҳамин хотир паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бора фармудааст:
«Зан ба хотири чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад», ки яке аз онҳо зебоист.
Пас, агар бим дорӣ, ки бинобар набудани ҷаззобият нисбат ба ин зан бо ӯ рафтори носазо хоҳӣ кард, пас ба издивоҷ бо ӯ иқдом макун.
Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.