Шанбе 23 Рабиъу-л-охир 1446 - 26 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Оё издивоҷ аз амалҳои дунёст ё охират?

Савол

Оё издивоҷ яке аз амалҳои охират аст ё аз амалҳои дунё ва баҳраи нафсҳост?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар мақсад аз издивоҷ ибодат бошад, масалан мақсад аз он пайравӣ аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), фарзанди солеҳ ё покдоманӣ ва нигоҳ доштани шармгоҳ, чашму қалб ва ғайра бошад, пас он яке аз амалҳои охират буда, аҷру савоб дорад. Агар мақсад аз он чунин набошад, пас он мубоҳ ва яке аз амалҳои дунё ва баҳраи нафсҳост, ки на савоб дораду на гуноҳ.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: "Фатово"-и Имом Нававӣ, саҳ 179