Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Амалҳое, ки барои касе, ки ба намозгоҳи ид омадааст, машрӯъ аст

Савол

Ман мулоҳиза намудам, ки баъзе аз мардумон ҳангоме ки ба намози ид меоянд, ду ракъат намоз мехонанд. Баъзеи дигар ба гуфтани такбир (Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу акбар ва лиллаҳи-л-ҳамд) машғул мешаванд. Лутфан ҳукми шариатро оиди ин масоил баён кунед. Оё байни намозе, ки дар масҷид хонда мешавад ва намозе, ки дар намозгоҳ хонда мешавад, фарқе вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои касе, ки барои намози ид ё намози истисқо ба намозгоҳи ид биёяд, суннат аст, ки биншинад ва таҳияи масҷид нахонад, зеро то он ҷое ки медонем ин амал аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва аз саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) нақл нашудааст, магар дар ҳоле ки намоз дар масҷид бошад, ки дар ин ҳолат таҳияи масҷидро мехонад, бар асоси умуми сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки фармудааст: «Ҳар гоҳ касе аз шумо дохили масҷид гардад, то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад».   Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Барои касе, ки нишаста намози идро мунтазир аст, машрӯъ мебошад, ки бисёр таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ) ва такбир (Аллоҳу акбар) бихонад, зеро ин шиори он рӯз аст ва ин дар масҷид ва дар беруни масҷид то ба охир расидани хутба барои ҳама суннат аст. Касе, ки ба тиловати Қуръон машғул шавад, ҳеҷ боке надорад. Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа"-и Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (Ҷ/13. Саҳ/13)