Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми қасам хӯрдан ба мусҳаф (китоби Қуръон) ва кафорати қасамшиканӣ

98194

Таърихи нашр : 31-05-2020

Мушоҳидаҳо : 2803

Савол

Дастамро дар болои китоби Қуръон гузошта бо он қасам хӯрдам ва ба қасамам вафо карда натавонистам. Оё бар ман кафорати қасам воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Қасам танҳо ба номе аз номҳо ё сифате аз сифтаони Аллоҳ баста шуда ва мувофиқи шариъат мегардад.

Қасам хӯрдан ба Қуръон ин қасам хӯрдан ба каломи Аллоҳ таъоло аст ва каломи Аллоҳ сифате аз сифатони Ӯст. Аммо қасам хӯрдан ба мусҳаф (китоби Қуръон) бошад, агар қасамхӯранда каломи Аллоҳро, ки дар ин китоб навишта шудааст, дар назар дошта бошад, қасами ӯ мувофиқи шариъат ва дуруст мебошад. Аммо агар варақу рангро дар назар дошта бошад, пас ин қасам ба ғайри Аллоҳ таъоло буда ва он ширк аст. Чуноне ки паёмбари Худо (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Касе, ки ба ғайри Аллоҳ (ба чизи дигар) қасам бихӯрад, дар ҳақиқат куфр ё ширк варзидааст".   Тирмизӣ (1535) ва Абудовуд (3251) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ онро дар  " Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ шуморидааст.

Бинобар ин, беҳтараст, ки инсон бояд ба мусҳаф (китоби Қуръон) қасам нахӯрад, зеро дар мусҳаф ҳам каломи Аллоҳ вуҷуд дорад ва ҳам рангу варақ вуҷуд дорад.

Аммо ҳангоми қасам хӯрдан дастро бар болои мусҳаф (китоби Қуръон) ё дар дохили он гузоштан, ин як амали нав пайдост. Ин амалро баъзе аз мардум барои мустаҳкам ва сахт гардонидани қасам анҷом медиҳанд, то қасамхӯрандаро аз дуруғ гуфтан битарсонанд.

Аз Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҳукми ба мусҳаф (китоби Қуръон) қасам хӯрдан пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт:

Савганду қасам танҳо ба Аллоҳ таъоло ё ба сифате аз сифатони Ӯ ҷоиз аст. Агар инсон ба Аллоҳ таъоло қасам хӯрад, ягон ҳоҷате нест, ки мусҳафро оварда, ба он ҳам қасам хӯрад. Қасам хӯрдан ба мусҳаф дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагон вуҷуд надошт ва ҳатто баъди ҷамъоварии Қуръон дар як китоб, ба мусҳаф қасам намехӯрданд. Балки инсон бояд танҳо ба Аллоҳ таъоло қасам бихӯрад ва набояд ба мусҳаф бошад.   Аз "Фатово нурун ъала-д-дарб" бо каме тағйирот нақл шудааст.

Дар қарори "Маҷмау-л-фиқҳи-л-исломӣ" омадааст:

"2. Ҳангоми қасам хӯрдан, барои дурустии қасам дасти худро дар болои мусҳаф (китоби Қуръон) ё Таврот ё Инҷил ва ғайра гузоштан лозим нест. Вале агар ҳоким онро барои мустаҳкам кардани қасам ва тарсонидани қасамхӯранда аз қасами дурӯғ  раво донад, ҷоиз аст.

3. Ҷоиз нест, ки мусулмон ҳангоми қасам хӯрдан дасташро бар болои Таврот ё Инҷил гузорад, зеро нусхаҳое, ки дар ҳоли ҳозир дастраси ҳамагонанд, тағйир ёфта шудаанд ва он нусхаи аслие,  ки  бар Мӯсо ва Исо (дуруди Аллоҳ бар онҳо бод) нозил шудааст, дигар вуҷуд надоранд, зеро шариате, ки Аллоҳ таъоло ба он, паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро фиристодаст, шариатҳои пешинро мансух намудааст".   "Фатово исломия" (3/463).

Дуввум:

Агар инсон қасам хӯрда бар он вафо карда натавонад, пас барои ӯ кафорати қасам лозим мегардад. Чигунагии кафорати қасам дар саволи рақами (45676) гузашт.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб