Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Оё бароям ҷоиз аст, ки дар шабҳои тоқи моҳи Рамазон ба эътикоф бишинам, зеро ман наметавонам даҳ шаб пурра ба эътикоф бишинам, чун ман ба тозагӣ издивоҷ кардаам ва (агар ман дар масҷид ба эътикоф бишинам) ҳамсарам дар хона танҳо мемонад, гарчанде ки ман дар наздики хонаи хонаводаам зиндагӣ мекунам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Беҳтар аст, ки мусулмон аз рӯи пайравӣ ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охир пурра ба эътикоф нишинад. Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) то охири умри худ, дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф менишаст. Ривояти Бухорӣ (2025) ва Муслим (1171).
Аммо агар эътикофи даҳ шаби охири Рамазон бо пуррагӣ барояш муяссар нашавад ва фақат дар якчанд рӯз ё шаби он ба эътикоф бишинад, ҳеҷ боке надорад. Бухорӣ ривоят кардааст, ки Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) назр кард, то як шаберо дар Масҷидулҳаром бо эътикоф гузаронад ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро амр намуд, то ба назри худ вафо кунад. Ривояти Бухорӣ (2042) ва Муслим (1656).
Ин ҳадис бар дурустии эътикофи як шаба далел мебошад.
Дар ҷавоби саволи (38037) баён шуда буд, ки барои камтарин мӯҳлати эътикоф муддати муайяне муқаррар карда нашудааст ва дар ин бора фатвои Шайх Ибни Бозро зикр намудем.
Сазовор аст, ки дар ин даҳа барои анҷом додани ибодат зиёд саъю кӯшиш карда шавад ва ба қадри имкон ҳасаноти зиёд ба даст оварда шавад.
Аллоҳ донотар аст.