Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Тамошои маводи порнографӣ мутлақан ҷоиз нест, ҳатто бо ҳамроҳи ҳамсар

Савол

Тамошои маводи порнографӣ дар Ислом ҳаром аст. Гуноҳи марде ки бо ҳамроҳи ҳамсараш маводи порнографиро тамошо мекунад, чи қадар аст, ба тавре, ки ин чиз зиёд такрор нашавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тамошои ин маводи порнографӣ (китобҳо, аксҳо, филмҳо ва наворҳои фаҳшу бадахлоқӣ ва шаҳвонӣ) дар Ислом ҳаром аст, хоҳ инсон зандор бошад ва ё безан. Анҷомдиҳандаи ин кор бояд ба сӯи Аллоҳ тавба кунад. Чи гуна мард ин гуна саҳнаҳоро бо ҳамсараш тамошо мекунад? Чи гуна тамошои онро ба ҳамсараш иҷозат медиҳад? Занон аз ин ҷиҳат заифанд ва онҳо зуд таъсир мегиранд, балки тамошои ин гуна мавод мушкилотеро байни зану шавҳар эҷод мекунад, ки шояд ба талоқ бурда расонад, пагоҳ ба Аллоҳ. Шакке нест, ки розигии мард аз ин гуна чизҳо ин аз заифии рашку ғаюрӣ аст, ки мусулмонро аз дигарон, яъне аз кофирону дайюсоне, ки ба нопокӣ ва фисқу фуҷури хонаводаи худ розианд, ҷудо месозад. Тамошои ин гуна чизҳо умури фоҳишаро осон менамояд ва ба сӯи разилату пастӣ даъват мекунад. Аз Аллоҳ офиятро мепурсем. Касе ки дучори чунин гуноҳе шуда бошад, аз азоби Аллоҳ битарсад ва ҳар чи зудтар тавба кунад. Бар ӯ воҷиб аст, ки нисбат ба ҳар чизе ки сабаби иффату покдомании хонаводааш аст, саъю кӯшиш намояд, на ба сӯи он чизе ки роҳи фоҳишаро барои онон осон месозад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид