Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ба додарарӯсаш гуфт: "Хоҳарат талоқ аст". Оё (дар ин ҳолат) талоқ воқеъ мешавад?

Савол

Оё агар шавҳарам ба бародарам бигӯяд, ки хоҳарат талоқ аст, талоқ воқеъ мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар шавҳар ба додарарӯсаш бигӯяд, ки хоҳарат талоқ аст ва ҳамсарашро дар назар дошта бошад. Ин монанди он аст, ки бигӯяд: Занам талоқ аст ё ҳамсарам талоқ аст. Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад. Дар талоқ шарт нест, ки он дар назди ҳамсар сурат бигирад ва ё онро ҳамсар шунавад. Ба ҷавоби саволи рақами (31778) руҷӯъ карда шавад. 
Талоқе, ки инҷо воқеъ мешавад, як талоқ аст. Агар ин талоқи аввал ё дуввум бошад, шавҳар метавонад ҳамсарашро дар муддати идда бозпас бигирад.

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб