Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё фосилаи байни тавофу саъй муддати муайяне дорад?

Савол

Оё барои фосилаи байни тавофу саъй муддати муайяне вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Барои фосилаи байни тавофу саъй муддати муайяне вуҷуд надорад. Пайдарпай анҷом додани он ду шарт нест, вале беҳтар он аст, ки ҳар гоҳ тавоф кунад, саъй намояд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саъю тавофи худро пайиҳам анҷом медод. Вале агар ба таъхир бияндозад, дар аввали рӯз тавоф намояду, дар охири рӯз саъй кунад ва ё баъди як ё ду рӯз саъй намояд, дар ин чиз ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад, зеро пайдарпай анҷом додани тавофу саъй воҷиб нест". Поёни сухан.

"Маҷмӯъу фатово"-и Ибни Усаймин (22/421).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб