Дар матнҳои Қуръон ва суннат, дидани ҳилол ҳамчун нишонаи собит шудани рӯзаи моҳи Рамазон ва ифтор бо дидани ҳилоли моҳи Шаввол қарор дода шудааст; ҳамчунин исботи Иди Азҳо (Қурбон) ва рӯзи Арафа низ ба ҳамин тарз сурат мегирад. Рӯй овардан ба ҳисобҳои фалакшиносӣ дар исботи моҳҳои қамарӣ барои оғоз ва анҷоми ибодатҳо бидуни дидани ҳилол, аз ҷумлаи бидъатҳост, ки ҳеҷ хайре дар онҳо нест ва аз нигоҳи шариат низ барои онҳо ҳеҷ далеле вуҷуд надорад.
Ҳукми эътимод кардан ба ҳисобҳои фалакшиносӣ дар муайян кардани оғози Рамазон ва поёни он
Савол: 1602
Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки дар оғози рӯза ва поёни он ба ҳисобҳои фалакшиносӣ такя кунад, ё бояд ҳатман ҳилолро бубинанд?
Хулосаи ҷавоб
Матни ҷавоб
Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:
Шариати исломӣ шариате осон ва фарогир аст; аҳкоми он ҳамаи сақалайн — инсон ва ҷинро — бо ҳар гуна сатҳу табақа, донишманду бесавод, шаҳрнишину бодиянишин, фаро мегирад. Аз ин рӯ, Аллоҳ таъоло роҳи шинохти вақтҳои ибодатро бар онҳо осон гардонида, барои оғозу анҷоми онҳо нишонаҳое муқаррар намудааст, ки ҳамагон дар шинохти онҳо муштараканд.
Масалан, Аллоҳ ғуруби офтобро нишонаи фаро расидани вақти намози шом ва поёни вақти аср қарор додааст ва нопадид шудани шафақи сурхро нишонаи фаро расидани вақти хуфтан муқаррар намудааст.
Инчунин дидани ҳилолро пас аз пинҳон шуданаш дар поёни моҳ нишонаи оғози моҳи нави қамарӣ ва анҷоми моҳи қаблӣ қарор дода, моро мукаллаф накардааст, ки оғози моҳи қамариро бар асоси донишҳое муайян намоем, ки танҳо гурӯҳи хеле ками мардум аз он огоҳанд, яъне илми ситорашиносӣ ё ҳисобҳои фалакшиносӣ.
Ба ҳамин асос, матнҳои Қуръон ва суннат дидани ҳилол ва мушоҳидаи онро нишонаи оғози рӯзаи мусалмонон дар моҳи Рамазон ва дидани ҳилоли Шавволро нишонаи фитр қарор додаанд; ҳамчунин исботи Иди Азҳо (Қурбон) ва рӯзи Арафа низ ба ҳамин шева сурат мегирад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه
سورة البقرة: ١٨٥
«Пас ҳар касе аз шумо, ки ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الْأَهِلَّةِ قُلْ هِيَ مَوَاقِيتُ لِلنَّاسِ وَالْحَجِّ
سورة البقرة: ١٨٩
«Дар бораи ҳилолҳои моҳ аз ту мепурсанд, бигӯ: "Онҳо замонсанҷ (ва тақвими табиӣ) барои (танзими зиндагии) мардум ва (муайян намудани вақти) ҳаҷ ҳастанд"». (Сураи Бақара: 189).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Бо дидани ҳилол рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор намоед ва агар бар шумо пӯшида шавад (яъне агар осмон абрнок шавад), пас шумораи рӯзҳоро комил гардонед».
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оғоз намудани рӯзаро ба собит шудани дидани ҳилоли моҳи Рамазон ва поёни онро ба собит шудани ҳилоли моҳи Шаввол вобаста гардонид ва онро ба ҳисобҳои ситораҳо ё ҳаракати сайёраҳо марбут надонист. Дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), дар давраи халифаҳои рошидин, чаҳор имом ва ҳамчунин дар се қарне, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро ба фазилат ва хайр шаҳодат додааст, бар ҳамин равиш амал мешуд.
Аз ин рӯ, рӯй овардан ба илми ситорашиносӣ дар исботи моҳҳои қамарӣ барои оғози ибодатҳо ва анҷоми онҳо бидуни дидани ҳилол аз ҷумлаи бидъатҳост, ки ҳеҷ хайре дар онҳо нест ва аз нигоҳи Шариъат низ ҳеҷ асосе надоранд. Ҳамаи хайр дар пайравӣ аз салаф (пешиниён) дар умури динӣ аст ва тамоми шарру бадӣ дар бидъатҳое аст, ки дар дин ба вуҷуд оварда шудаанд. Аллоҳ мову шумо ва ҳамаи мусалмононро аз фитнаҳои ошкору пинҳон ҳифз намояд.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Фатово-л-лаҷнати-д-доима, 10/106