Дар бораи фазилати ҳаҷ, аҳодисе омадаанд, аз ҷумла:
1. Бухорӣ (1521) ва Муслим (1350) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Ман паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки фармуд:
«Ҳар касе барои Аллоҳ ҳаҷ ба ҷо оварад ва дар он аз бадзабонӣ ва гуноҳ худдорӣ намояд, чунон пок мешавад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро ба дунё овардааст».
2. Бухорӣ (1773) ва Муслим (1349) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳаҷҷи мабрур ғайр аз ҷаннат дигар подоше надорад».
3 Тирмизӣ (738) ва Насоӣ (2631) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳаҷ ва умраро пайиҳам адо намоед, зеро онҳо фақр ва гуноҳонро аз байн мебаранд, ҳамон гуна ки кӯра (оташдон) олудагиҳоро аз оҳан, тилло ва нуқра пок мекунад. Ва барои ҳаҷҷи мабрур подоше ҷуз ҷаннат нест».
Фазилате, ки дар аҳодиси зикршуда омадааст, ҳам ҳаҷҷи фариза ва ҳам ҳаҷҷи нафиларо дар бар мегирад, зеро калимаҳои истифодашуда умумӣ ва фарогир мебошанд.
Ҳаҷҷи мабрур, чунон ки донишмандон (Аллоҳ онҳоро раҳм кунад) таъкид кардаанд, ҳаҷҷест, ки бо гуноҳ омехта нашудааст.
Шайх Ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Ҳаҷҷи мабрур ҳаҷҷест, ки анҷомдиҳандаи он дар он ба нофармонии Аллоҳ даст намезанад, чунон ки ин маъно аз сухани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисе, ки Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, фаҳмида мешавад:
«Ҳар касе ҳаҷ ба ҷо оварад ва дар он аз бадзабонӣ ва гуноҳ худдорӣ намояд, чунон пок мешавад, ки гӯё ҳамон рӯз модараш ӯро ба дунё овардааст».
Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (16/334).
Аллоҳ донотар аст.