Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза гирифтан

Савол

Оё ҷоиз аст, ки танҳо дар рӯзи Ошуро рӯза бигирам, бидуни ин ки як рӯз пеш аз он (рӯзи Тосуъо, рӯзи нӯҳуми моҳи Муҳаррам) ё як рӯз баъд аз он рӯза бигирам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайху-л-ислом гуфтааст: Рӯзаи рӯзи Ошуро каффораи (гуноҳони) як сола мебошад ва танҳо дар он рӯз рӯза гирифтан макруҳ намебошад .. Ал-Фатово-л-кубро, ҷилди: 5

Дар китоби "Туҳфату-л-муҳтоҷ"-и Ибни Хаҷари Ҳайтамӣ омадааст: Оиди рӯзаи рӯзи Ошуро бошад, танҳо дар он рӯз рӯза гирифтан ҳеҷ боке надорад. Ҷилди 3, боби рӯзаи нофила

Ба Кумитаи доимӣ ин савол матраҳ карда шуд, дар ҷавоб гуфтанд:

"Рӯзаи рӯзи Ошуро бо танҳоӣ ҷоиз аст, аммо як рӯз пеш аз он ва ё як рӯз баъд аз он рӯза доштан беҳтар аст. Ин суннати собитшуда аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ки фармудааст: "Агар то соли оянда боқӣ бимонам, дар рӯзи нӯҳум руза мегирам".   Ривояти Муслим (1134). Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) гуфтааст: "Яъне бо ҳамроҳии рӯзи даҳум".

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ (11/401).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб