Барои шахсе, ки аз ҷониби дигаре барои анҷоми ҳаҷ вазифадор шудааст, ҷоиз аст маблағеро, ки барояш ҳамчун ҳаққи анҷоми ин ҳаҷ муайян шудааст, дарёфт намояд, ҳатто агар он аз хароҷоти роҳ, хӯрок, нӯшокӣ ва дигар ниёзҳое, ки барои адои ҳаҷ лозим аст, бештар бошад.
Ҳамчунин шоиста аст, ки мақсади ӯ аз ин амал танҳо ба даст овардани маблағ набошад, балки нияташ ширкат дар кори хайр ва анҷом додани ибодатҳое бошад, ки Аллоҳ таъоло дар Ҳарами Шариф барояш муяссар мегардонад.
Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.