Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кор кардани мусулмон дар назди марди мулҳид

2875

Таърихи нашр : 13-11-2022

Мушоҳидаҳо : 1648

Савол

Ман дар назди як шахси мулҳид (ки ба Худо бовар надорад) кор мекунам. Оё дар назди ӯ кор кардан ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки ӯ бо ман муносибати хуб дорад ва барои намоз вақт медиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар соҳаи кори шумо раво бошад, ҳеҷ боке нест, ки дар назди ӯ кор кунед, модоме ки ба фармонҳои Аллоҳ пойбанд бошед. Шумо бояд бо равиши нек ӯро ба сӯи Аллоҳ даъват намоед, шояд Аллоҳ ӯро ба воситаи шумо ҳидоят кунад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод)-ро дар рӯзи Хайбар ба сӯи кофирон фиристод, ба ӯ фармуд: «Онҳоро ба Ислом даъват кун ва онҳоро аз фармонҳои Аллоҳ бохабар соз. Қасам ба Аллоҳ, агар ба воситаи ту Аллоҳ мардеро ҳидоят намояд, бароят аз шутурони сурх беҳтар аст». (Шутурони сурх боарзиштарин ва гаронбаҳотарин молҳои араб буд).   Ривояти Бухорӣ (2787).

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид