Шайх Абдуллоҳ ибни Маниъ ба ин савол чунин посух додааст:
Аз ҷумлаи қоидаҳои Шариъат ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст: «Ба худ ва ба дигарон зарар расонидан ҷоиз нест».
Бар асоси ин қоида, барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба худ зарар расонад. Аз ҷумла, истифодаи оби олуда барои вузӯ низ ҷоиз нест.
Аз ин рӯ, бо оби олуда вузӯ гирифтан ҳаром аст. Аммо агар шахсе бо чунин об вузӯ гирад, вузӯяш саҳеҳ мебошад, зеро он об наҷис (палиду нопок) нест, вале чунин амал ба далели зарао расонидан ба худ ҳаром мебошад.
Ва Аллоҳ донотар аст.