Чоршанбе 13 Рабиъу-л-охир 1446 - 16 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Оё имом касеро ба ҷои худ таъин мекунад, агар намозаш ботил шавад?

Савол

Агар ба имом чизе рух бидиҳад, оё яке аз муқтадиён метавонад ба намозгузорон имоматӣ кунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ба имом чизе рух бидиҳад (ё вузӯяш шиканад) ва аз намоз барояд, метавонад ба яке аз муқтадиён бигӯяд: "Эй фалонӣ, пеш биё ва намозро барои намозгузорон ба итмом расон". Агар имом ин корро накунад, худи муқтадиён метавонанд аз байни худ якеро ба пеш гузаронанд, то намозро барояшон ба итмом бирасонад ва ё намозро ба таври инфиродӣ комил менамоянд.

Сарчашма: "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ"-и Ибни Усаймин 54/93