Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Умра дар тамоми (рӯзҳои) Рамазон мустаҳаб аст

Савол

Оё умра дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мустаҳаб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба анҷом додани умра дар моҳи Рамазон тарғибу ташвиқ намудааст. Бухорӣ (1782) ва Муслим (1256) аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки ӯ гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Умра дар Рамазон баробари як ҳаҷ аст».

Ин ҳамаи (рӯзҳои) Рамазонро дарбар мегирад ва махсуси даҳаи охири Рамазон намебошад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб