"Ҳадисе, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи истихора ривоят шудааст, ҳукми умумӣ дошта, тамоми корҳоеро фаро мегирад, ки инсон қасди анҷом додани онро дорад, вале намедонад, ки хайр дар анҷоми он аст ё дар таркаш. Дар чунин ҳолат ӯ аз Аллоҳ таъоло истихора металабад.
Аммо ин ҳукм ба корҳои фаризае, ки бар инсон фарз гардидаанд, дахл надорад, зеро анҷом додани корҳои матлубу воҷиб барои инсон, бидуни ҳеҷ гуна тардид, хайр аст. Аз ин рӯ, агар ҳаҷ бар инсон фарз шуда ва ҳамаи шартҳои воҷиб гардидани он фароҳам омада бошанд, ӯ бояд бидуни истихора ҳаҷро адо намояд.
Ҳамчунин, агар, масалан, вақти намози пешин фаро расида бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки намозро бидуни истихора ба ҷо оварад. Инчунин, агар ҷиҳод бар ӯ фарзи айн гардад, бояд бидуни истихора ба он иқдом кунад.
Вале агар коре машрӯъ бошад, аммо бар ӯ воҷиб набошад, дар чунин ҳолат истихора метавонад ҷой дошта бошад. Зеро баъзе корҳои машрӯъ нисбат ба баъзеи дигар бартарӣ доранд. Масалан, инсон қасди анҷом додани умраи нафлӣ ё ҳаҷҷи нафлиро дошта бошад, вале надонад, ки кадомаш беҳтар аст: анҷоми ҳаҷ ё дар кишвари худ мондан барои даъват ба сӯи Аллоҳ таъоло, роҳнамоӣ ва иршоди мусулмонон, инчунин расидагӣ ба манфиатҳои аҳли хонаводааш?
Дар чунин ҳолат ӯ аз Аллоҳи поку баландмартаба истихора металабад. На аз он сабаб, ки дар фазилати умра шак дошта бошад, балки аз он рӯй, ки намедонад кадомаш беҳтар аст: ба умра рафтан ё дар кишвари худ боқӣ мондан.
Чунин ҳолат воқеан метавонад пеш ояд ва дар чунин маврид истихора машрӯъ аст. Ҳар касе дар ҳадиси истихора ва роҳу равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тааммул кунад, дармеёбад, ки истихора танҳо дар корҳое машрӯъ аст, ки инсон дар онҳо дучори тардид мегардад. Аммо дар корҳое, ки ҳеҷ гуна тардид дар онҳо вуҷуд надорад, истихора ҷой надорад.
Тавре пештар гуфта шуд, корҳои воҷиб ҷойи тардид ва шак дар анҷом додани худро надоранд, зеро иҷрои онҳо бар ҳар касе, ки шартҳои воҷиб гардидани онҳо дар ҳаққаш фароҳам омадаанд, ҳатмӣ мебошад".