Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳикмати имоматии паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳодисаи Исро ба дигар паёмбарон

Савол

Иллати имоматии паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шаби Исро ва Меъроҷ ба дигар паёмбарон чист? Ин ба чӣ далолат мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Иллати пешгузарии паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба намоз ҳамчун имом бар дигар паёмбарон дар масҷиди Ақсо, ки аксарияти паёмбарон, аз Иброҳими Халил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) оғоз карда (то дигар паёмбарон) дар онҷо сукунат кардаанд, ин аст, ки паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бузургтарин пешво ва афзалтарин сарвар мебошад, чуноне ки онро Ҳофиз Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар оғози тафсири сураи Исро ба таври возеҳ баён намудааст. Ҳамчунин Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҷараёни суханони худ оиди имоматии паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба дигар паёмбарон гуфтааст: "Сипас мақому манзалат ва бартарии ӯ бар онон бо сабаби пеш гузаштани ӯ бар имоматӣ ошкор гардид ва ин бо ишораи Ҷибрил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ буд".

Бешак, паёмбарамон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пешвои паёмбарон ва беҳтарини онҳост. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ман сарвари фарзандони Одам дар рӯзи қиёмат ҳастам, ман аввалин касе, ки қабри ӯ шикофта мешавад, ман аввалин шафоаткунанда ва ман аввалин касе, ки шафоати ӯ пазируфта мешавад».   Ривояти Муслим (2278).

Баъзе аз донишмандон ҳикмати дигареро аз имоматии паёмбарамон (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар паёмбарон пайдо карда, гуфтаанд:

Дар ҳадис омадааст: «Ман ба онҳо имоматӣ кардам». Дар ин ҳадис - ва боз Аллоҳ донотар аст - ишораест, ки ин уммат роҳбарии тамоми башариятро бар ӯҳдаи худ мегирад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб