Ҳукми ҳаҷ бо моли ҳаром

Савол 48986

Оё ҳаҷҷи касе, ки бо моли ҳаром ҳаҷ мекунад, дуруст аст ё не?

Хулосаи ҷавоб

Касе, ки бо моли ҳаром ҳаҷ мекунад, ҳаҷҷи ӯ дуруст шумурда мешавад ва ҳаҷҷи фарзии худро адо кардааст, аммо чунин ҳаҷ "ҳаҷҷи мабрур" ба ҳисоб намеравад ва савобу аҷри он хеле кам мешавад.

Мавзӯҳои алоқаманд

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Касе, ки бо моли ҳаром ҳаҷ мекунад, ҳаҷҷи ӯ дуруст шумурда мешавад ва ӯ ҳаҷҷи фарзии худро адо кардааст. Аммо чунин ҳаҷ "ҳаҷҷи мабрур" ба ҳисоб намеравад ва савобу аҷри он хеле кам мешавад.  муроҷиат намоед.

Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмӯъ" (7/62) гуфтааст:
"Агар шахсе бо моли ҳаром ҳаҷ анҷом диҳад, ӯ муртакиби гуноҳ мешавад, аммо ҳаҷҷи ӯ саҳеҳ буда, фаризаи ҳаҷ аз зиммааш соқит мегардад. Ин дидгоҳро аксари фақеҳон ҷонибдорӣ кардаанд". Поёни сухан бо каме тасарруф.

Дар китоби "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (17/131) омадааст:
Агар шахсе бо моли шубҳанок ё бо моли ғасбшуда (зӯран гирифташуда) ҳаҷ анҷом диҳад, ҳаҷҷи ӯ аз нигоҳи зоҳири ҳукм саҳеҳ ҳисобида мешавад, вале ӯ гунаҳкор аст ва чунин ҳаҷ “ҳаҷҷи мабрур” ба шумор намеравад. Ин мазҳаби Шофеъӣ, Молик ва Абӯҳанифа (Аллоҳ ҳамаи онҳоро раҳм кунад) ва аксари уламои салафу халаф мебошад.

Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтааст: Ҳаҷ бо моли ҳаром кофӣ (ва қабул) нест. Дар ривояти дигар омадааст, ки ҳаҷ бо вуҷуди ҳаром будани ин амал саҳеҳ аст.

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр мекунад, ки сафарро тӯлонӣ мекунад, мӯяш парешону ғуборолуд аст, дастонашро ба осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигор, эй Парвардигор", ҳол он ки хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосҳои пӯшидааш ҳаром аст ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас чӣ гуна дуои чунин шахс қабул карда шавад?
Поёни сухан.

Шайх Ибни Боз гуфтааст:
"Ҳаҷ дуруст аст, агар шахс онро ҳамон гуна ки Аллоҳ машрӯъ кардааст, адо намояд. Вале ба сабаби даст задан ба касби ҳаром гуноҳкор мешавад ва бар ӯ воҷиб аст, ки аз ин кор ба даргоҳи Аллоҳ тавба кунад. Ҳаҷҷаш ба сабаби даст задан ба касби ҳаром ноқис шумурда мешавад, аммо фарзияти ҳаҷ аз зиммааш соқит мегардад". Поёни сухан аз китоби "Фатово"-и Ибни Боз (16/387).

Дар китоби "Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/43)

омадааст:
"Анҷоми ҳаҷ бо моли ҳаром монеи саҳеҳ будани ҳаҷ намегардад, вале инсон барои касби ҳаром гуноҳкор мешавад. Ин амал савоби ҳаҷро кам мекунад, вале онро ботил намесозад". Поёни сухан.
Барои фоидаи бештар, лутфан ба ҷавобҳои рақами ( 2804 ), ( 109234 ) ва ( 34359 ) нигаред.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Масъалаҳои гуногуни ҳаҷ

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

answer

Мавзӯҳои алоқаманд

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android