Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Тавба гуноҳони пешинаро нобуд мекунад. Шумо бояд бар гуноҳони кардаи худ пушаймон шавед, азм намоед, ки онро дубора такрор намекунед, дар ибодати худ содиқ бошед ва ибодатҳои нофиларо зиёд анҷом бидиҳед, ба монанди намози шабу рӯз, рӯзаи нофила, зикр, қироъати Қуръон ва дуо. Аллоҳ тавбаро аз бандагони худ мепазирад ва гуноҳонро мебахшад.