Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё зани ҳайзшуда рӯза гирифта метавонад?

Савол

Агар зан ҳайз шавад, оё барояш ҷоиз аст, ки дар Рамазон рӯза нагирад ва ба ҷои он рӯзҳое, ки рӯза нагирифт, дар рӯзҳои дигар рӯза бигирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯзаи зани ҳайзшуда дуруст нест ва барои ӯ ин корро кардан ҷоиз нест. Бинобар ин, агар зан ҳайз шавад, рӯза намедорад ва пас аз пок шудан ба ҷои он рӯзҳо дар рӯзҳои дигар рӯза мегирад.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷнати-д-доима