Ин масъаларо аз Шайх Ибни Усаймин (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) пурсиданд. Ӯ дар посух гуфт:
Ғусле, ки барои эҳром анҷом додааст, ҷойи ғусли ҷанобатро ҳам мегирад, зеро он ғусли шаръӣ ва машрӯъ мебошад, махсусан дар ҳолати фаромӯшӣ. Фақеҳон низ ба ин масъала ишора намуда, гуфтаанд: "Агар шахс ғусли суннатиро ният кунад, он барои ғусли воҷиб низ кофӣ ҳисоб мешавад". Баъзе аз аҳли илм ин ҳукмро ба ҳолати фаромӯшӣ маҳдуд донистаанд. Ҳолати шахси мазкур ба ҳар ду дидгоҳ мувофиқат мекунад ва ғусли ӯ кофӣ ва дуруст ба ҳисоб меравад.
"Фатово"-и Ибни Усаймин 22/373