Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Кай издивоҷ бар мард воҷиб мешавад?

Савол

Оё бар мардон издивоҷ намудан воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳукми издивоҷ нисбати мардон мувофиқи вазъият ва аҳволашон фарқ мекунад. Издивоҷ бар шахсе, ки тавоноӣ дорад, нафсаш ба он иштиёқ дорад ва аз зино бим дорад, воҷиб мебошад, зеро муҳофизат намудани нафс ва пок доштани он аз ҳаром воҷиб аст ва он танҳо бо издивоҷ имкон дорад.

Қуртубӣ мегӯяд:

Шахси қодиру тавоное, ки аз зарар бар худ ва дини худ аз безанӣ бим дорад, ин танҳо бо издивоҷ бартараф мешавад, дар мавриди воҷиб будани зан додани ӯ ихтилофе вуҷуд надорад.

Мардовӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ "Ал-Инсоф" гуфтааст: Қисми севвум: Касе, ки аз гуноҳ бим дорад, издивоҷ бар ҳаққи ӯ бо як дидгоҳ (бе ихтилоф) воҷиб аст. “Гуноҳ" дар ин ҷо бо саҳеҳтарин дидгоҳ ба маънои “зино” аст ва инчунин гуфта шудааст, ки маънои он “ҳалокат бо зино” аст. . . Дуввум: Манзур аз ин сухани ӯ: “Магар ин ки бар нафси худ аз содир намудани ҳаром бим дошта бошад”. Агар донад ё гумон кунад, ки гуноҳ аз ӯ содир мешавад. Дар китоби “Ал-Фуруъ” омадааст: Танҳо он вақт ба назар гирифта мешавад, агар донад, ки гуноҳ аз ӯ содир хоҳад шуд.   Китоби “Ал-Инсоф” (Ҷилди 8, Китоби никоҳ: Аҳкоми никоҳ).

Аммо агар хоҳиши издивоҷ дошта бошад, вале имконияти нафақа бар ҳамсар надошта бошад, мувофиқи оят амал намояд:

 وَلْيَسْتَعْفِفِ الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحًا حَتَّىٰ يُغْنِيَهُمُ اللهُ مِنْ فَضْلِهِ    (سورة النور: 33).

 «Ононе, ки тавоноии издивоҷро надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ ононро аз карами худ тавонгару бениёз гардонад».   (Сураи Нур: 33).

Ҳамчунин бисёртар рӯза дорад, зеро гурӯҳе аз донишмандон аз Ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Эй ҷамоати ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавоноии издивоҷ карданро дорад, пас бояд издивоҷ намояд, зеро издивоҷ сабаби қавитарин барои пок нигоҳ доштани чашму шармгоҳ аст. Ҳар касе тавоноии издивоҷ карданро надорад, пас бояд рӯза бигирад, зеро рӯза ӯро аз амалҳои зишт бозмедорад».

Умар ба Абу-з-завоид гуфт: Туро аз издивоҷ танҳо оҷизӣ ва ё зишкорӣ бозмедорад.

Ниг: “Фиқҳу-с-сунна” 2/15-18.

Издивоҷ бар касе воҷиб мешавад, ки агар издивоҷ накунад, гуноҳ содир мекунад, ҳатто агар бо назару бӯса кардан бошад. Агар мард ё зан бидонад ва ё гумон дошта бошад, ки агар издивоҷ накунад, ба зино ё дигар амали ҳукми зино дошта ё дигар гуноҳҳо аз қабили истимно (кафакӣ кардан, ҷалқзанӣ) даст мезанад, дар ин ҳолат издивоҷ барояш воҷиб мегардад. Агар инсон бидонад, ки ҳатто пас аз издивоҷ тарки гуноҳ намекунад, воҷиб будани издивоҷ аз дӯшаш соқит намешавад, зеро ӯ пас аз издивоҷ камтар гуноҳ мекунад, чунки издивоҷ ӯро камтар бошад ҳам машғул месозад, аммо агар безан бошад, ҳамеша ва дар тамоми ҳолатҳо дар фикри гуноҳ аст.

Чун дар ҳолати мардум дар ин аср тааммул намоем, мебинем, ки навъҳои гуногуни фасоду шаҳватҳо паҳн шудаанд, боварии комил менамоем, ки воҷиб будани издивоҷ дар ин аср шадидтару қавитар аст нисбат аз асрҳои гузашта.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки дилҳои моро пок гардонад, моро аз ҳаромҳо дур намояд ва ба мо иффату покизагӣ ато намояд. Дуруди Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид