Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳар гоҳ марду зан қурбонӣ карданӣ шаванд, бояд аз кӯтоҳ кардани мӯй ва нохун худдорӣ намоянд.

Савол

Оё барои касе, ки қурбонӣ мекунад, хоҳ мард бошад ва хоҳ зан ҷоиз аст, ки мӯй ва нохуни худро кӯтоҳ кунад? Ҳангоме ки ҳилоли моҳи Зулҳиҷҷаро мебинанд (ва моҳи Зулҳиҷҷа медарояд), кадом амалҳо мамнӯъ мешаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар гоҳ моҳи Зулҳиҷҷа дарояд, бар касе ки қурбонӣ кардан мехоҳад, ҳаром мешавад, ки мӯй, нохун ва ё аз пӯсти бадани худ чизеро бигирад, зеро Муслим (1977) аз Умми Салама (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар гоҳ ҳилоли Зулҳиҷҷаро дидед ва касе аз шумо бихоҳад, ки қурбонӣ кунад, пас аз гирифтани мӯй ва нохунҳояш худдорӣ намояд».

Дар лафзи дигаре омадааст: «Ҳар гоҳ даҳаи аввали Зулҳиҷҷа фаро расад ва касе аз шумо хост қурбонӣ кунад, пас ба мӯй ва пӯсти баданаш нарасад».

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Донишмандон дар мавриди касе, ки даҳаи Зулҳиҷҷа фаро расидааст ва ӯ мехоҳад қурбонӣ кунад, ихтилоф намудаанд. Саид ибни Мусаййиб, Рабиъа, Аҳмад, Исҳоқ, Довуд ва баъзе аз асҳоби Шофеӣ гуфтаанд: Гирифтани чизе аз мӯй ва нохунҳо бар ӯ ҳаром аст, то он даме ки қурбониашро дар вақти қурбонӣ адо намояд. Шофеӣ ва асҳоби ӯ гуфтаанд: Ин макруҳи танзеҳӣ аст, ҳаром намебошад . . . ". Поёни сухан аз Шарҳи Муслим.

Ин ҳукм тамоми касонеро, ки мехоҳанд қурбонӣ кунанд, хоҳ мард бошанд ё зан дарбар мегирад.

Аз Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Зане мехоҳад, ки аз номи худ ва аҳли хонаводааш ва ё аз номи падару модараш қурбонӣ кунад ва ҳар гоҳ даҳаи Зулҳиҷҷа дохил шавад, мӯяшро чӣ кор кардан ҷоиз аст?

Чунин посух дод: "Барояш ҷоиз аст, ки мӯяшро кушояд ва бишӯяд, вале шона накунад. Он мӯе, ки ҳангоми кушодан ва шустан мерезад, ҳеҷ зараре надорад".

"Фатово"-и Шайх Ибни Боз (18/47).

Касе, ки нияти қурбонӣ дорад, аз чизҳои дигар ба монанди либос, хушбӯӣ ва ё ҳамбистарӣ манъ карда намешавад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (36567 ) нигаред.

     Аллоҳ донотар аст. 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб