Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳар гоҳ моҳи Зулҳиҷҷа дарояд, бар касе ки қурбонӣ кардан мехоҳад, ҳаром мешавад, ки мӯй, нохун ва ё аз пӯсти бадани худ чизеро бигирад, зеро Муслим (1977) аз Умми Салама (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар гоҳ ҳилоли Зулҳиҷҷаро дидед ва касе аз шумо бихоҳад, ки қурбонӣ кунад, пас аз гирифтани мӯй ва нохунҳояш худдорӣ намояд».
Дар лафзи дигаре омадааст: «Ҳар гоҳ даҳаи аввали Зулҳиҷҷа фаро расад ва касе аз шумо хост қурбонӣ кунад, пас ба мӯй ва пӯсти баданаш нарасад».
Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Донишмандон дар мавриди касе, ки даҳаи Зулҳиҷҷа фаро расидааст ва ӯ мехоҳад қурбонӣ кунад, ихтилоф намудаанд. Саид ибни Мусаййиб, Рабиъа, Аҳмад, Исҳоқ, Довуд ва баъзе аз асҳоби Шофеӣ гуфтаанд: Гирифтани чизе аз мӯй ва нохунҳо бар ӯ ҳаром аст, то он даме ки қурбониашро дар вақти қурбонӣ адо намояд. Шофеӣ ва асҳоби ӯ гуфтаанд: Ин макруҳи танзеҳӣ аст, ҳаром намебошад . . . ". Поёни сухан аз Шарҳи Муслим.
Ин ҳукм тамоми касонеро, ки мехоҳанд қурбонӣ кунанд, хоҳ мард бошанд ё зан дарбар мегирад.
Аз Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Зане мехоҳад, ки аз номи худ ва аҳли хонаводааш ва ё аз номи падару модараш қурбонӣ кунад ва ҳар гоҳ даҳаи Зулҳиҷҷа дохил шавад, мӯяшро чӣ кор кардан ҷоиз аст?
Чунин посух дод: "Барояш ҷоиз аст, ки мӯяшро кушояд ва бишӯяд, вале шона накунад. Он мӯе, ки ҳангоми кушодан ва шустан мерезад, ҳеҷ зараре надорад".
"Фатово"-и Шайх Ибни Боз (18/47).
Касе, ки нияти қурбонӣ дорад, аз чизҳои дигар ба монанди либос, хушбӯӣ ва ё ҳамбистарӣ манъ карда намешавад.
Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (36567 ) нигаред.
Аллоҳ донотар аст.